| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: سرگرد | ||||
Кишвар | Тоҷикистон | ||||
Дараҷаи болотар | Сарҳангёр | ||||
Дараҷаи поинтар | Сарвон | ||||
Ҳамто |
|
Саргурд (форсӣ: سرگرد) — дараҷае сардорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарвон ва поинтар аз сарҳангёр дорад ва баробар бо новхудо севум дар нерӯи дарёӣ аст.
Дараҷаи поинтар: Сарвон |
Саргурд |
Дараҷаи болотар: Сарҳангёр |
Мақоми созмонии саргурд дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан фармондеҳи гурдон (баталион) аст, ки он ягони тактикиест, ки аз як ситоди фармондеҳӣ ва ду ё чанд вашт ва ягонҳои хурдтар ташкил мешавад ва бахше аз ҳанг ё гунд ва ё ягоне мустақил аст.
«Саргурд» (форсӣ: «سرگرد») аз дер боз ба маънои «фармондеҳи дастае аз лашкар» ба кор меравад ва аз ду вожа сохта шудааст:
сар + гурд (аз форсӣ: «گرد» «паҳлавон, далер; ҷанговар» < порсии миёна: gurd < эронии бостон: vr̥ta- аз √*vr̥t- : *vart- ‘муҳофизат кардан; поидан; муқовимат кардан’).
Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
«Гурдон» ба маънии «сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:
Истилоҳоти «саргурд» ва «гурдон»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш ҷойгузини дараҷаи низомии «майор» (аз фр. major < лот. maior «меҳтар, сардор») ва вомвожаи «баталион» (аз фр. bataillon < итол. Battaglione «даста» < итол. Battaglia «гурӯҳ») кард.
Истилоҳоти «саргурд» ва «гурдон» барои ҷойгузин кардани дараҷаи низомии «майор» (русӣ аз олмонӣ: Major < фр. major < лот. maior «меҳтар, сардор») ва вомвожаи «баталион» (аз фр. bataillon < итол. Battaglione «даста» < итол. Battaglia «гурӯҳ») ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешниҳод шудаанд.
Сипоҳи Сосониён | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
radag | 10 сарбоз | *radagbān |
tahm | 100 сарбоз | tahmdār |
wašt | 500 сарбоз | wašt-sālār |
drafš | 1 000 сарбоз | drafš-sālār |
gund | 5 000 сарбоз | gund-sālār |
spāh | 10 000 сарбоз | spāhbed |
artēštārān | artēštārān-sālār |
Ягони размии баробар бо гурдон нахустин бор дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) ташкил шудааст. Дар замони Сосониён сипоҳ (порсии миёна: spāh) аз чанд гунд (порсии миёна: gund) ташкил мешуда, ки 5 000 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳашро гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) мехонданд. Ҳар гунде аз чанд дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду вашт (порсии миёна: wašt) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт ва камобеш баробар бо гурдон дар артишҳои кунунӣ буд. Ҳар ваште аз чанд таҳм (порсии миёна: tahm) созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд рада (порсии миёна: radag) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш дирафшсолор (порсии миёна: drafš-sālār), фармондеҳи вашт ваштсолор (порсии миёна: wašt-sālār), сардори таҳм таҳмдор (порсии миёна: tahmdār) ва сардори рада эҳтимолан радабон (порсии миёна: *radagbān) номида мешуд.
Фармондеҳи сипоҳ сипаҳбад (порсии миёна: spāhbed) хонда мешуд. Баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ дар замони Сосониён артишдорон-солор (порсии миёна: artēštārān-sālār) номида мешуд.
Саргурд ҳамакнун яке аз дараҷаҳои афсарӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва баробар бо майор дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст.
... Впрочем, из среднеперсидских эпиграфических источников середины III в. н.э. (граффити в Дура-Европосе, датируемые 253 г.) известно о существовании армейских писцов (видимо, более низкого ранга, нежели dabīr-i sipāh), называвших себя dibīr-ī tahm и dibīr-ī radag .
В документе Nov 280 из архива Старой Нисы фигурируют два лица, носящие звание tgmdr («начальник тагмы»), состоящее из двух частей – греч. «τάγμα» («легион») и парф. dār («начальствующий»). Предполагается, что это звание – калька с римского военного термина в греческой передаче «τάγματάρχος» ‘начальник легиона’, появившееся в парфянском военном лексиконе как раз в связи с депортацией воинов Красса в восточные районы Парфии, где они были организованы в отряды под началом парфянских тагмадаров и, в том числе, трудились на сельскохозяйственных работах . Кстати, слово «тагма» в пехлевийской форме tḥmy как обозначение воинского подразделения зафиксировано в надписи, оставленной сасанидскими солдатами в синагоге Дура-Европос .